Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷеенбеков, Асанов ва Маматаев то моҳи декабр дар боздошт мемонанд


Равшан Ҷеенбеков, Бектур Асанов ва Улуғбек Маматаев
Равшан Ҷеенбеков, Бектур Асанов ва Улуғбек Маматаев

Дар додгоҳи шаҳри Бишкек, маркази Қирғизистон, рӯзи 10-уми ноябр дархости бозбинии ҳабси пешакии сиёсатмадорону фаъолони боздоштшуда идома мекунад.

Додгоҳи шаҳрӣ боздошту ҳабси сиёсатмадор Равшан Ҷеенбеков, фаъоли шаҳрвандӣ Улуғбек Маматаев ва сиёсатмадор Бектур Асановро қонунӣ донист. Додгоҳ ҳамчунин дархости онҳоро барои бозбинии ҳабси пешакӣ рад кард. Акнун ин афрод то 20-уми декабр дар ҳабс хоҳанд монд.

Пештар аз ин, рӯзи 9-уми ноябр, Додгоҳи шаҳри Бишкек ҳукми ҳабси пешакии раиси пешини вилояти Талас Ойбек Бузурманқуловро бетағйир гузошта буд.
Бузурманқулов бо қарори додгоҳи ноҳияи Якуми майи Бишкек то 20-уми декабри имсол ба ҳабс гирифта шудааст.

Додгоҳи пойтахти Қирғизистон аз ин қабл ҳабси пешакии фаъолони боздоштшуда Гулнора Ҷӯрабоева, Атай Бейшенбек ва Алӣ Шабданро ҳам бетағйир гузошта буд.

Моҳи октябри имсол дар шаҳри Бишкек чанде аз фаъолон ва сиёсатмадорон боздошт шуданд. Мақомот онҳоро ба "тайёрӣ ба ташкили бетартибиҳои оммавӣ" гумонбар мекунанд. Дар умум, дар доираи ин парванда 26 кас боздошт шудааст. Додгоҳ онҳоро барои ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифтааст.

Ин афрод барои, ба қавли онҳо, таъсиси кумитаи ҳифзи обанбори Кампиробод боздошт шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG