Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири эронӣ "Iran International"-ро "созмони террористӣ" хонд


Вазири иттилооти Эрон телевизиони “Iran International” (Эрон Интернешнл)-ро, ки бо забони форсӣ барои мардуми Эрону Тоҷикистон ва Афғонистон барнома пахш мекунад, як “созмони террористӣ” эълон кард.

Исмоил Хатиб рӯзи 9-уми ноябр дар суҳбат бо вебсайти Алии Хоманаӣ, раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ, гуфтааст, “авомил ва ҳамкорони шабакаи телевизионӣ зери таъқиб хоҳанд буд”.

Вай ҳамзамон ба Бритониё ба далели мизбонияш аз се шабакаи телевизионии форсизабон таҳдид карда, гуфтааст, “баҳои иқдомоташро барои ноамн кардани Эрон хоҳад дод”.

Ҳамлаи баландпоятарин мақоми иттилоотии Ҷумҳурии Исломӣ як рӯз баъди он сурат гирифт, ки “Iran International” дар эъломияе аз таҳдиди Сипоҳи посдорон алайҳи ду хабарнигораш ва хонаводаи онҳо хабар дод. Шабака номи рӯзноманигоронро нагуфт.

Телевизиони “Iran International” ҳамеша зери ҳамлаи расонаҳо ва мансабдорони Эрон будааст, вале аз замони оғози эътирозҳои саросарӣ дар 50 рӯзи пеш ҳамлаҳо сахттар шуданд.

Пештар Ҳусейн Саломӣ, фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорон, гуфта буд, “ба режими Оли Сауд, ки пуштибони бунгоҳҳои суханпароканӣ ва расонаҳое ҳастанд, ки танҳо шайтанатро ривоҷ медиҳанду ошкоро ба дунболи таҳрики ҷавонони моянд, ҳушдор медиҳем, муроқиби рафторатон бошед. Ин расонаҳоро контрол кунед, вагарна дуди он ба чашми Шумо хоҳад рафт.”

Ҷумҳурии Исломӣ аз шабакаи “Iran International” ба унвони расонаи вобаста ба Арабистони Саудӣ ном мебарад. Масъулони шабака дар баёнияе гуфтанд, “як расонаи мустақили форсизабон ҳастанд ва қароргоҳашон дар Бритониёст.”

Телевизиони “Iran International” панҷ сол пеш ба кор сар кард ва ҳоло бо барномаҳояш дар мавриди Эрону Афғонистон ва Тоҷикистон шинохта аст. Дар Тоҷикистон ҳам хабарнигор дорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG