Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ташвиши СММ аз нақзи ҳуқуқи инсон дар Twitter-и зери идораи Маск


Раиси Кумитаи Созмони Милал дар умури ҳуқуқи инсон Фолкер Тюрк дар номае ба молики Twitter Илон Маск гуфтааст, "ҳуқуқи одамон бояд дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирад."

Нома баъди он фиристода шуд, ки Маск аъзои тими масъули риояшавии ҳуқуқи инсонро аз кор дар Twitter ронд. Тюрк ин тасмимро "оғози ноумедворкунанда" номид.

"Ман Шуморо даъват мекунам, тавре кунед, ки ҳуқуқи инсон дар мудирияти Twitter таҳти роҳбарии Шумо, дар мақоми марказӣ қарор гирад", - навишт роҳбари кумитаи СММ.

Би-би-сӣ менависад, интиқоди оммавии СММ - таҷрибаи одие нест. Одатан, Созмони Милал ба намояндагони тиҷорат муроҷиати пӯшида мефиристад.

Илон Маск дар моҳи октябри имсол Твиттерро ба арзиши 44 миллиард доллар харид. Баъд аз анҷом додани созишномаи харид, Маск қариб 3700 кас - нисфе аз кормандонро аз кор ронд.

Ба навиштаи хабаргузории Bloomberg, роҳбарияти Twitter қисме аз кормандони рондашударо даъват кардааст, ки ба кор баргарданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG