Мақомоти Украина рӯзи 4-уми ноябр гуфтанд, Русия бо истифода ба паҳподҳои вайронгар ба иншооти ғайринизомии зиёдтаре дар он кишвар зарба зада, харобии зиёде ба вуҷуд овард.
Ба сабаби осеб дидани шабакаҳои нерӯи барқ миллионҳо нафар бе рӯшноиву гармӣ монданд ва раиси ҷумҳур Владимир Зеленский Русияро ба “терроризми энержӣ” муттаҳам кард.
Валентин Резниченко, раиси вилояти Днепропетровск, гуфт, артиши Украина 8 паҳподи сохти Эронро дар ноҳияи Никопол нобуд кардаанд.
Ба қавли ӯ, нерӯҳои Русия ҳамчунин чаҳор маҳалларо дар ҳамин ноҳия бо тӯпхона ва мушакҳои “Град” зарба задаанд ва як лӯлаи газ, хати барқ ва хонаҳои истиқоматиро вайрон кардаанд.
Владимир Зеленский дар муроҷиати видеоии худ дар шаби 3-юми ноябр гуфт, бештар аз 10 дарсади аҳолии Украина ва ё 4.5 миллион нафар бар асари ҳамлаҳои Русия бе нерӯи барқ мондаанд.
Ба қавли ӯ, “ин воқеият, ки Русия ба терроризми энержӣ рӯ овардааст, заифии душмани моро нишон медиҳад.”
Гуфтугӯ