Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бо ҳиҷоб ё бе ҳиҷоб? Рӯсарӣ дар Туркия дигарбора баҳсбарангез шуд. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Пӯшидани ҳиҷоби исломӣ дар Туркия дигарбора ба як баҳси сиёсӣ табдил шудааст. Бо наздиктар омадани интихобот раҳбарони аҳзоби сиёсӣ ваъда медиҳанд, ки дар сурати пирӯзӣ пӯшидани ин либосро барои занон қонунӣ хоҳанд кард. Масъалае, ки даҳсолаҳо боз дар маркази муборизаҳои сиёсии Туркия қарор дорад.

Интихоботи президентӣ дар Туркия моҳи июни соли оянда баргузор хоҳад шуд. Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳури Туркия ва Камол Киличдароғлу, раиси Ҳизби Ҷумҳурияти Халқ, ҳизби аслии мухолиф, ваъда додаанд, ки ҳаққи пӯшидани ҳиҷобро қонунӣ мекунанд. Ба ақидаи таҳлилгарон, бардоштани маҳдудияти ҳиҷобпӯшӣ дар 10 соли пеш яке аз дастовардҳои асосии Эрдуғон буд.

Амина Учок, хабарнигору таҳлилгари турк, мегӯяд, "манъи пӯшидани ҳиҷоб дар муассисаҳои давлатӣ монеи ҳузури занон дар корҳои ҷамъиятӣ ва таҳсил шуд. Дар гузашта чунин буд. Ин занон ҷабр кашиданд, баъзеашон то ҳол ба кори пешинаашон баргашта наметавонанд."

Аз аввали соли 1990 то солҳои 2000-ум донишҷӯёне, ки ҳиҷоб мепӯшиданд, ба донишгоҳ роҳ намеёфтанд, вакилу додрас ва ё вакили порлумон шуда наметавонистанд. Ҳизби Ҷумҳурияти Халқ, ки тарафдори сахти низоми дунявист, аз тарафдорони манъи ҳиҷоб буд, ҳоло баръаксашро мехоҳад.

Ба бовари таҳлилгари сиёсиву динӣ, Истар Гозайдин, "Ҳизби Ҷумҳурияти Халқ бори ҳамон маҳдудиятҳову манъ карданҳоро дар дӯш дорад. Мавзеъгирии баръаксаш як қадами муваффақиятомезе барои роҳ ёфтан ба ҷомеаи васеътар аст."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Ҳиҷоб дигарбора дар Туркия баҳсбарангез шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:07 0:00

Тағйири сиёсати ҳизб аз он сабаб аст, ки дар аҳди 20-солаи Эрдуғон насли наве бидуни он маҳдудиятҳо бузург шудааст. Табақаи миёнаҳоли муҳофизакор ҳам пайдо шуду рушд кард. Ҳамин мардум, ба гуфтаи таҳлилгарон, ҳоло дар андешаи таварруми зиёд ва мушкилоти иқтисодии кишваранд, на баҳсҳои қадимаи динӣ.

Ҷон Салчуқӣ, таҳлилгари иқтисодӣ, мегӯяд, "муборизаҳои сиёсие, ки волидони ҷавонон доштанд, муборизаи онҳо нест. Парвои онро ҳам надоранд. Масалан, барои як духтари ҳиҷобпӯш, ки дар донишгоҳ мехонад, нигаҳ доштани ҳиҷоб дар сараш муҳим нест. Барои ӯ мубориза барои дониши беҳтар ва кори беҳтар бо музди боло муҳим аст."

Аммо Эрдуғон на танҳо ҳаққи ҳиҷобпӯшӣ, балки ислоҳот дар Қонуни асосӣ барои ҳифзи, ба гуфтаи ӯ, арзишҳои хонаводагиро ба саҳна кашидааст. Манзур ҷунбиши ақаллиятҳои ҷинсӣ аст, ки ба гуфтаи Эрдуғон мардумро аз роҳ мезананд.

Истар Гозайдин, таҳлилгари сиёсӣ ва динӣ, гуфт, "таъкиди сахте ба арзишҳои оилавӣ, муҳофизати оила мекунад. Бештар ба масъалаи рӯсарӣ таъкид мешавад, ки ба андешаи ман инҷо ҳошиявӣ аст. Таъкид ба гуруҳҳои ақаллиятҳои ҷинсӣ ва ғайр аст. Ӯ мехоҳад, ҳалқаҳои муҳофизакорро ба зидди он гуруҳҳо бархезонад."

Аз ҳоло саркӯби ҷомеаҳои ақаллиятҳои ҷинсии Туркия, ки як замон ошкоро амал мекарданд, зиёд шудааст. Тазоҳурот ба зидди онҳо ҳам оғоз ёфтааст, ки бахше аз муборизаи интихоботии раёсати ҷумҳурии соли оянда дониста мешавад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG