Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Риши Шумо фарқ мекунад." Дар Узбекистон зоҳири мардонро "ба тартиб" меоранд


Ҷамолиддин Муҳаммадҷон, сокини Тошканд, чанд сол пеш гуфта буд, ки риши ӯро маҷбурӣ тарошиданд

Мақомоти интизомии шаҳри Ангрен, шарқи Узбекистон, даҳҳо касро маҷбур кардаанд, ки риши худро битарошанд. Ин кор дар гузашта дар кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, таҷриба ва боис ба танқиди созмонҳои ҳуқуқии дохилӣ ва байналмилалӣ шудааст.

Як сокини шаҳри Ангрен рӯзи 8-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро ба идораи полис бурда, дар он ҷо ҳамроҳи даҳҳо нафари дигар маҷбур кардаанд, ки риши худро бигиранд.

"Полис ҳушдор дод, ки агар аз тарошидани риш худдорӣ варзем, бо зӯр ин корро мекунанд. Онҳо моро дар ҳолати риш доштан ва бериш будан акс гирифтанд", -- гуфт ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Ба қавли ӯ, маъракаи зидди риш чанд рӯз идома кард: "Ҳамаи мардоне, ки дар идораи полис ба тарошидани ришҳояшон маҷбур шуданд, мусулмон ҳастанд. Вақте эътироз карданӣ шудем, ки қонун ришмониро манъ намекунад, полис гуфт, риши Шумо аз риши мардони дигар фарқ мекунад. Ба ҷуз иҷрои фармон илоҷи дигар надоштем."

Маъмурони полиси шаҳри Ангрен барои шарҳ додани вазъият ҳозир нашуданд.

Тайи солҳои охир ин танҳо маъракаи маҷбуран тарошидани риши диндорон дар Узбекистон нест. Дар бораи риштарошони маҷбурӣ дар ин кишвар зуд-зуд гузоришҳо мерасанд. Маъракае, ки масъулини Узбекистон, кишвари аз ҳама пурҷамъияти Осиёи Миёна, онро ҳамчун талош барои мубориза бо ифротгароӣ медонанд.

Моҳи гузашта як навори видеоӣ дар Интернет паҳн шуд, ки як маъмури пулис дар шаҳри Намангон ба зердастонаш дастур медиҳад, мардони ришдорро пайдо карда, ба риштарошӣ водор кунанд.

Мақомот ин хабарро рад карда, гуфтанд, дар баъзе аз ҳолатҳо аз шаҳрвандон "хоҳиш карда шудааст, ришҳояшонро тарошанд, то намуди зоҳирии онҳо ба аксе, ки дар ҳуҷҷатҳояшон аст, мувофиқ бошад."

Абдураҳмон Ташанов, раиси "Эзгулик", гурӯҳи ҳифзи ҳуқуқи башар дар Тошканд, гуфт, созмони ӯ мавридҳои зиёдеро сабт кардааст, ки "полис воқеан мусулмононро барои тарошидани риш маҷбур кардааст".

"Доштани риш масъалаи шахсӣ аст ва таъқиби касе ё ба тарошидани риш маҷбур кардан нодуруст аст. Аммо дар кишвари мо ришро як рамзи радикализми исломӣ мешуморанд ва нисбат ба мардони ришдор бадгумонанд", -- шарҳ дод Ташанов.

Ду сол пеш Шуҳрат Ғаниев, раиси вилояти Фарғона, ба хотири риш доштан ба як деҳқони маҳаллӣ қарз надод. Соли 2016 мухлисони футбол бо риш ба варзишгоҳи шаҳри Бухоро роҳ дода нашуданд ва полис ба онҳо дастур дод, ки пеш аз ҳузур дар бозӣ ришҳояшонро тарошанд.

Департаменти давлатии Амрико дар гузориши худ, ки моҳи июни соли гузашта нашр шуд, гуфт, Узбекистон маҳдуд кардани озодии эътиқодро бо роҳи маҷбур тарошидани риши мусалмонон ва манъи пӯшидани ҳиҷоб дар мактабҳо ва идораҳо идома медиҳад.

Дар Тоҷикистон низ гуруҳе аз ришдоронро шахсони шубҳанок унвон намуда, дар аксар маврид онҳоро бозҷӯӣ ва дар гузашта ба тарошидани риш маҷбур кардаанд. Мардоне, ки мӯйлабҳои покиза тарошида ва риши панҷашакли бетартиби парешон доранд, шубҳаи мақомотро бештар ба бор меоранд.

Пештар мақомот гуфта буданд, ки ин гуна ҷавонон бо шакли зоҳирӣ аз равияи "салафия" пайравӣ мекунанд. Ин равия аз соли 2009 дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст. Аммо сокинону баъзе аз рӯҳониён инро баҳона медонанд ва мегӯянд, мақомот ба ҳарими хусусии онҳо дахолат ва озодиҳои мазҳабиашонро маҳдуд мекунанд.

Шарҳҳоро бинед (6)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG