Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҳиҷоб намехостам". Духтари муҳоҷири тоҷик дар Русия аз хона фирор кард


Манижаи 18-сола аз хонаи волидайнаш фирор кард.

Дар як паноҳгоҳ дар Санкт-Петербург духтари 18-солаи тоҷик зиндагӣ дорад, ки аз хонаашон фирор кардааст.

Манижаи 18 сола, духтари як оилаи муҳоҷири тоҷик дар Русия аст, ки мегӯяд, зиндагии мустақилонаро интихоб кардааст. Ӯ гуфт, хонаводааш мехост ӯро маҷбуран ба шавҳар диҳанд.

11-соли пеш хонаводаи Манижа бо умеди кору зиндагии беҳтар ба Русия омад. Он замон Манижа 7 сол дошт ва бо расидан ба сини 18 ӯ аз хона фирор кард. Манижа мегӯяд, зиндагӣ бо волидон барои ӯ сахту дилгиркунанда буд. Ӯ наметавонист либоси дилхоҳашро бипӯшад ва таҳсил ё кори дӯстдоштаи худро бикунад. Ӯ намехост ҳиҷоб пӯшад ва бо марди ношиносе, ки падараш барояш интихоб карда буд, оиладор шавад. Ӯ мехост таҳсил кунад, видеоблогер шавад ва расм кашад.

Шикояти Манижа аз падар

Қиссаи зиндагиву фирораршро аз хонавода Манижа ба хабарнигори Радиои Озодӣ Татьяна Волтская нақл кард.

Волидони Манижа панҷ фарзанд доранд. Манижа фарзанди хурдӣ аст. Онҳо аз Тоҷикистон ба муҳоҷират омада, дар минтақаи Пскови Русия зиндагии худро ба роҳ монданд. Тамоми хонавода аллакай шаҳрвандии Русияро доранд, аммо Манижа мегӯяд, бо гузашти 11 соли зиндагӣ дар Русия андешаи волидонаш нисбати таҳсили духтар тағйир наёфт ва ӯ, ки ҳамагӣ як сол дар Тоҷикистон мактаб хонда буд, дигар бе хатту савод монд. “Таҳсили фарзандон барои волидони ман зиёд муҳим набуд.”,--гуфт ӯ.

– Дар бораи оила ва волидонат ба мо нақл кун. Онҳо дар Русия ба чӣ корҳо машғуланд?

Оилаи мо сарватманд нест, вале аз нигоҳи хӯроку сару либос мо танқисӣ надоштем. Модарам оиларо таъмин мекард, падарам қариб кор намекард. Агар кор ҳам кунад, пулашро фақат захира мекард. Модарам аввал музадӯзӣ мекард, хоҳари калониам ба ӯ кӯмак мекард. Баъдан ӯ ба заминкорӣ машғул шуд. Мо замини калон ва дарахтони себу нок ва меваҳои дигар доштем. Модарам бодирингу помидор мекорид ва дар бозор савдо мекард. Ҳар рӯз қариб 2-3 ҳазор рубл даромад дошт. Ман ба ӯ дар ин кор кумак мекардам ва баъзан ба бозор мерафтам.

Утоқе, ки дар он Манижа зиндагӣ мекунад.
Утоқе, ки дар он Манижа зиндагӣ мекунад.

Бародари бузургам, дар ширкати "Пятерочка" кор мекунад ва бародари хурдӣ музадӯз аст. Модар ва хоҳари калониям боз дар басти шабона кор мекарданду автобусҳоро мешустанд. Ман шабонарӯз бо падарам дар хона будам. Ӯ кор намекард ва ҳамеша аз фарзандон шикоят мекард. Ин як даҳшат буд. Ман он вақт 14-15-сола будам ва лаҳзаҳои хеле мушкил буд ин ҳама. Ба хотире, ки ин ҳамаро нашунавам, баъзан бо модарам ба бозор мерафтам.

Бо ҳар чаҳор апа ва бародаронам муносибати хуб дорам, аммо бо бародари хурдиам хеле наздиктар ҳастем. Бо ӯ ман ҳоло ҳам дар тамосам. Бо хоҳаронам чандон муносибати хуб надоштам, нигоҳи онҳо ба зиндагӣ дигар аст. Онҳо сахтгиранд ва ин амалу интихоби маро маҳкум мекунанд.

Чаро Манижа аз хона гурехт?

Ман дарк кардам, ки чунин шеваи зиндагӣ хуб нест. Вале тасмими гурехтан аз хонаро вақте гирифтам, ки хостгорӣ карданд. Як рӯз ману хоҳарам сайругашт баромадем ва як марди 21 солаеро вохӯрдем. Мо ҳамагӣ ду бор ӯро дидем ва баъд фаҳмидам, ки ману ӯ аллакай номзад шудаем. Ман ба хоҳарам гуфтам “Ин шухӣ аст? Чаро касе аз ман напурсид?” Ӯ гуфт, “Мо ӯро дидем ва ту хушҳол будӣ.”

Манижа мегӯяд, Дар ҷомеаи Тоҷикистон духтар бояд хоксор бошад. Ӯ набояд ошкор бигӯяд, ки ба издивоҷ бо нафаре розӣ аст. Агар духтар орому хушҳол бошад ва ба падараш бигӯяд ки, “ҳамааш дар дасти худатон аст, шумо беҳтар медонед”, ин ба ин маънӣ аст, ки ӯ розӣ аст.

Манижа бар ин назар аст, ки маҷбур шавҳар кардан маънои ғуломиро дорад.
Манижа бар ин назар аст, ки маҷбур шавҳар кардан маънои ғуломиро дорад.

Ӯ ҳам борҳо ба назди падараш рафта гиряву илтиҷо кардааст, ки ӯро ба шавҳар надиҳад. “Ба падарам гуфтам, ман намехоҳам бо ин мард издивоҷ кунам”. Вай гуфт, “ин хел намешавад, мо аллакай розигиро додем. Моҳи сентябр баъд аз зодрузат тӯй мешавад. Ту наметавонӣ рад кунӣ, мо шарманда мешавем." – -гуфт Манижа. Вале ҳама талошҳои ӯ дар ин маврид бенатиҷа анҷом ёфтааст. Ҳарчанд модар ва бародари хурдӣ ҳам аз ӯ ҷонибдорӣ карданд, аммо падар тасмимашро тағйир надод.

Ҷомеаи Тоҷикистон аз нигоҳи Манижа

Манижа тасмим гирифт, аз хона фирор кунад, то аз чунин зиндагӣ, халос шавад. “Дар сини 18 кӯдак таваллуд кардан ин ваҳшат аст. Дар Тоҷикистон дар соли аввали издивоҷ аз ту фарзанд талаб мекунанд. Ҳолатҳое ҳам ҳаст, ки духтарон шавҳар мекунанд ва агар дар соли якум ё дуюми хонадорӣ кӯдакдор нашаванд, аз ӯ ҷудо мешаванд. Волидон ва ҷомеа ба мард фишор меоранд, ки зани ту бемор асту безурёт. Дар ниҳоят ӯ аз занаш ҷудо мешавад, зани дуюм мегирад, то барояш фарзанд таваллуд кунад.”,--нақл мекунад, Манижа.

Манижа мегӯяд, агар аз хона фирор намекард, ӯро ҳам чунин зиндагӣ интизор буд. “Ман чунин зиндагиро намехостам. Мехостам кор кунам, худамро таъмин кунам ва муваффақ шавам. Ман рассомиро дӯст медорам, мехоҳам навор бигирам, танзим кунам, бинанда ҷамъ кунам. Ман мебинам, ки чӣ тавр одамон орзуву хостаҳояшонро амалӣ мекунанд. Ин имконпазир аст ва ман ҳам ҳаминро мехоҳам. Ҳамин орзӯҳоям ҳам сабаб шуд, ки аз хона гурезам.”

Нақшаи омодагӣ ба фирор аз хона

Қабл аз фирор аз хона Манижа дар “Тикток” саҳифаи худро боз карда, дар бораи зиндагияш ба одамон нақл кард ва кӯмак пурсид. Як дугонааш ба ӯ кӯмак кард, то дар бонк суратҳисоб кушояд. Барои амалӣ кардани ин нақша ӯ тариқи саҳифаҳои худ аз одамон пул ҷамъ овард. “Ба обуначиёнам навиштам, ки қиссаи зиндагии маро байни блогерҳо паҳн кунанд, ҳамин тавр одамони зиёде ба ман кӯмак карданд. Як духтар аз ман хост ягон далеле барояш фиристам, то бовар кунад, ки ман ҳақиқатро мегӯям. Ман сабти суҳбат бо хонаводаамро барояш фиристодам. Дар он бародари калониям мегуфт, телефони маро аз дастам бигиранд. Модарам дар ҷавоб гуфт, “Бигзор шавҳар кунад ва ҳар коре хост бо ӯ бикунад.” Ман ба модарам гуфтам, “чаро чунин фикр дорӣ? Агар шавҳарам марди баде бошаду маро латтукӯб кунад чӣ? Ман чӣ тавр метавонам бе телефон ба шумо дар ин бора хабар диҳам?” Вале модари ман бар ин фикр аст, ки шавҳар агар ҳатто латтукӯб кунад ҳам ба ин ҳақ дорад ва ин наметавонад сабаби ҷудо шудани ман шавад. Ман фикр мекунам, ки издивоҷ аслан муҳим нест дар зиндагӣ”,--қисса карда Манижа.

Фирор дар зодрӯз

Барои фирор аз хона Манижа зодрӯзашро интизор шуд. Аз тариқи дӯстонаш медонист, ки баъди расидан ба 18 ӯ ҳаққи танҳо зистанро дорад. “Аммо то 2 моҳ мондан ба зодрӯзам маро дар хона таҳти назорати сахт гирифтанд. Пештар метавонистам ба берун ё назди хоҳарзодаам равам, аммо акнун дигар танҳо аз рӯйи зарурат ба ман иҷозаи берун рафтан медоданд. Ман хеле эҳтиёткор шудам. Телефонро фақат шабона ба даст мегирифтам, то касе набинад.”,--мегӯяд, Манижа.

Манижа гуфт, мактаб нахондааст
Манижа гуфт, мактаб нахондааст

Ӯ ба хоҳари бузургаш, ки дар як корхонаи дузандагӣ кор мекард, кӯмак менамуд ва камтар пул ҷамъ карда буд. Мегӯяд, як моҳи қабл аз гурехтанаш аз хона худро орому шод вонамуд мекард. Аслан баҳс намекард ва касе ҳам аз ин нақшаи ӯ пай набурд.

Дар рӯзе, ки ӯ бояд аз хона фирор мекард, Саша ва чанд дӯсти дигараш ба назди ӯ омаданд. Манижа бо баҳонаи пардохти пули хизматрасонии комуналӣ аз хона баромад. Пеш аз ин, ӯ ба шӯъбаи пулиси маҳалли зисташон занг зада, огоҳ кардааст, ки ӯро ҷустуҷӯ накунанд ва ӯ аллакай ноболиғ несту бо хоҳиши худ аз хона рафтааст.

Ӯ гуфт: “Вақте ман ба Петербург расидам, милиса ба ман занг зада гуфт, наздиконат ариза навиштаву ҷустуҷӯ доранд. Вай гуфт, ки ман бояд ба шӯъбаи милитсия рафта баёнот нависам, ки ҳолам хуб аст ва баргаштан намехоҳам.”

Манижа нақл мекунад, ки ӯ натавонист баёнот нависад, чун дар Русия мактаб нахондааст ва танҳо як сол дар Тоҷикистон дарс хонду тамом.

“Вақте мо ба Псков омадем, модарам аввал як талош кард, ки ман мактаб равам. Аммо кадом ҳуҷҷате намерасид ва касе нахост, ки рафта ин ҳуҷҷатро бигираду маро мактаб барад. Ҳамин тавр ин масъала дигар фаромӯш шуд.”,--гуфт ӯ.

Вақте ҳиҷоб надоштам...

“Баъд аз ду рӯз ман дар куча модару хоҳарамро дидам. Ман дар сар ҳиҷоб ва куртаи дароз надоштам ва шими ҷинс пушида будам. Модарам гиря карду пеши поям афтид. Гуфт, “мо туро ба шавҳар намедиҳем, баргард.” Барои ман ин лаҳза хеле душвор буд. Дилам ба ӯ сухт, аммо ӯ барои пешрафти ман коре накард. Ман гуфтам, намехоҳам баргардам. Ин зиндагии ман аст, намехоҳам ҳиҷоб пушам. Онҳо бовар намекарданд, фикр мекарданд, дугонаҳоям ба ман маводи мухаддир додаанд.”

Утоқи зисти Манижа
Утоқи зисти Манижа

Ба нақли Манижа, як рӯз баъд хонаводааш ба ӯ занг зада, барои хайрухуш даъват кардаанд. Ба ӯ гуфтанд, ӯро ҳамон тавре ҳаст қабул хоҳанд кард. Ба вохӯрӣ дар ҷои муайяншуда бародараш омада буд ва ӯро иҷборан ба таксӣ савор карда бурд.

“Вақте ба хона оварданд, аввал ба сарам рӯймол кашиданд. Онҳо намехостанд маро фаҳманд. Намедонистанд, ки ин корашон ҷиноят аст. Субҳи рӯзи дигар онҳо аз ман пурсиданд, ки ин тасмимро худам гирифтаам? Гуфтам, бале, ин интихоби худи ман аст. Баъд бародари хурдиям, ки бо ман муносибаташ хуб аст, гуфт пас “ӯро ҷавоб медиҳем. Роҳи дигар нест”. Онҳо ба ман билети бозгашт ба Питерро хариданд ва ман рафтам.”,--нақл мекунад, Манижа

Манижа иқрор мекунад, ки нақши асосиро дар тағйир ёфтани зиндагии ӯ телефон бозидааст. Ин телефонро ба ӯ дар 13 солагияш туҳфа карданд. Ӯ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ворид шуд ва ба омӯзиши забони русӣ сар кард.

“Ман бо одамон шинос шудам. Онҳо ҳайрон мешуданд, ки чӣ тавр мани 13 сола дуруст навишта ва хонда наметавонам. Баъдан онҳо ба ман барои омӯзиш кӯмак карданд. Ман зеҳни хуб дорам, тез аз худ мекунам. Дар Тоҷикистон синфи як хонда будам, ва ҳарфҳоро медонистам. Ҳамин тавр дар Ютуб дарс мехондам. Волидонам намедонистанд, ки ман дар интернет бо одамон сӯҳбат мекунам.”,--нақл кард ӯ .

“Навишта ва хонда наметавонистам”

Манижа мегӯяд, вақте соҳиби телефон шуд ва фаҳмид, ки дуруст навишта ва хонда наметавонад, ба модараш гуфт, мехоҳад мисли дигар ҳамсолонаш мактаб хонад. Модараш ҳам кӯшиш кард, ӯро ба мактаби шабона барад, аммо он ҷо вақте диданд, ки Манижа хондаву навишта наметавонад, ӯро қабул накарданд. “Онҳо гуфтанд, мутаасифона мо барои як нафар гурӯҳ кушода наметавонем.”,--мегӯяд Манижа. Бо ҳамин боз мавзӯи таҳсили ӯро хонавода фаромӯш кард.

Ҳоло дар паноҳгоҳе, ки Манижа он ҷо зиндагӣ дорад, барояш дафтару китоб харидаанд ва барои рафтан ба мактаб омодагӣ мегирад. Ӯ мегӯяд, “расмкаширо дӯст медорам. Ба ман ранг хариданд. Баъди мактаб мехоҳам ба омӯзишгоҳ дохил шавам. Барои расидан ба орзӯям талош дорам. Ҳоло кӯшиш дорам блогер шавам ё коре ёбаму барои рӯзгузаронӣ пул кор кунам.”

Манижа бо хушҳолӣ мегӯяд, қадами аввалро барои тағйир ёфтани зиндагии худ гузошт ва акнун бар ин бовар аст, ки дар ҳама ҳолат, дар зиндагӣ роҳҳал вуҷуд дорад.

Ӯ мегӯяд, расмкаширо дӯст медорад
Ӯ мегӯяд, расмкаширо дӯст медорад

Кормандони паноҳгоҳ дар назди бунёди хайриявии "Птицы" мегӯянд, Манижа барои ворид шудан ба ҷомеа каме мушкил дорад, вале ӯ хислати қавӣ дорад ва дар баробари мушкилот таслим намешавад. Омодааст мубориза барад, вале ба зиндагии қаблии худ барнагардад.

“Ояндаи хуб дорад. Духтари мубориз аст. Сахтиҳои зиёдеро паси сар кард. Ҳоло ин ҷо зиндагӣ дорад ва мо барояш кӯмак мекунем, то дарс хонад ва дар зиндаги роҳи худро пайдо кунад. Мо ҳоло наметавонем ӯро ба хонаи иҷора фиристем. Ҳоло ӯ ба зиндагии мустақилона омода нест. Ӯ бояд барои ин мутобиқ карда шавад.”,--мегӯяд, Ирина Никифорова, муассис ва раҳбари Маркази хайриявӣ.

Ӯ издивоҷро ғуломӣ медонад

Равоншинос, Олга Малишева, ки бо Манижа ҳоло кор мебарад, бар ин бовар аст, ки агарчӣ ӯ савод надорад, аммо қобилияту истеъдоди хубе дорад.

“Ӯ медонад, ки издивоҷ барояш ба маънии ғуломӣ аст. Ӯ зиндагӣ ва муносибат бо модару хоҳарони оиладорашро дидааст ва ҳоло магар мехоҳад бо ӯ ҳам чунин муносибат кунанд? Ӯ зиндаги дигарро интихоб кард. Ӯ қобилияти хуби наққошӣ дорад. Ӯ нақшаву андешаҳои хуб дорад. Мехоҳад як шахси барои ҷомеа фоидовар бошад. Аммо ба ҳеҷ ваҷҳ ба қафо баргаштан намехоҳад.”,--гуфт равоншинос.

Шарҳҳоро бинед (64)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG