Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Ҷеенбек Кулубоев ва ҳамтои узбекистониаш Владимир Норов рӯзи 3-юми ноябр дар шаҳри Бишкек чанд санад имзо карданд.
Аз ҷумла, ду ҷониб дар мавриди қитъаҳои алоҳидаи марзи ду кишвар, дар мавриди мудирияти муштараки обанбори Кампиробод созишнома имзо карданд.
Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон хабар медиҳад, ки масъалаи сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Қирғизистон низ дар ин дидор баҳс шудааст. Ба ҷуз ин, вазири корҳои хориҷии Узбекистон бо президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов мулоқот кардааст.
Кумитаи умури байналхалқӣ, мудофиа, амният ва муҳоҷирати порлумони Қирғизистон рӯзи 31-уми октябр созишномаи мудирияти муштараки обанбори Кампирободро бо ҷониби Узбекистон қабул кард. Бино ба ин созишнома, захираҳои оби обанбор аз ҷониби Узбекистону Қирғизистон муштаракан идора мешавад.
Гуфтугӯ