Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Консули тоҷик хост, ихроҷшудаҳоро бо автобус фиристанд


Зафар Саидзода
Зафар Саидзода

Консулгарии Тоҷикистон дар Екатеринбург ба Додгоҳи ин вилояти Русия пешниҳод кардааст, ки муҳоҷирони ихроҷшудаи тоҷикро бо автобус (мусофирбар) ба ватан фиристанд, на ҳавопаймо.

Зафар Саидзода, консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург, рӯзи дувуми ноябр дар номае ба Радиои Озодӣ гуфт, масъалаи ихроҷи шаҳрвандонро бо намояндагони Додгоҳи Свердловск дар миён гузошт.

Консули тоҷик афзуд, дар сурати розӣ шудани ҷониби Русия муҳоҷирони ихроҷшуда бо мусофирбарҳои ширкати “Хуҷанд Транс Сервис” ба ватан фиристода хоҳанд шуд.

Нархи билети автобус арзон ва баробар ба 7 ҳазор рубл будааст. То кунун шаҳрвандони ихроҷшудаи тоҷик бо ҳавопаймо ба кишвар фиристода мешуданд.

Дар чанд соли охир наздик ба 300 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон аз Русия ронда шудаанд. Муҳоҷирони тоҷик аксаран бо ирсоли аксу навор аз боздоштҳои беасос ва шароити бади нигаҳдорӣ дар боздоштгоҳҳои Русия шикоят ва мақомоти Тоҷикистонро барои ҳимоят накардан аз онҳо танқид мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG