Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 6 нафар дар садамаи қатора дар Қазоқистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар натиҷаи бархурди қатора (поезд) бо мошини сабукрав дар деҳаи Қорасуи ноҳияи Меркии вилояти Ҷамбули Қазоқистон шаш кас ҷон бохтааст.

"Қатора ба мошини сабукрави навъи "Audi" бархурдааст. Дар ин садама шаш нафар ҷон бохт", - иттилоъ додааст хадамоти матбуотии ҳукумати Ҷамбул.

Ба иттилои пулис, дар натиҷаи садамаи мазкур ронанда ва мусофирони мошини сабукрав ҷон бохтанд. Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ" парванда боз шудааст.

Хадамоти матбуотии шабакаи роҳҳои оҳани Қазоқистон садама бо айби ронандаи мошини сабукрав рух додааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG