Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суханҳои як мансабдори Узбекистон дар бораи Путин баҳсбарангез шуд


Танзила Норбоева ва Валентина Матвиенко
Танзила Норбоева ва Валентина Матвиенко

Тақдими нишони "Дӯстӣ"-и Русия ба раиси Сенати Узбекистон Танзила Норбоева ва суханҳои ӯ ҳангоми гирифтани нишон аз дасти ҳамтои русаш Валентина Матвиенко миёни корбарони узбек дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои тундеро ба миён овард.

"Ман ҳайронам, ки онҳо чӣ тавр сазовор будан ба ордени "Путлер" (президенти Русия Владимир Путин)-ро собит мекарда бошанд? Магар ин пешпардохте буд, ки бояд бар ивазаш коре анҷом дода шавад?”, - навиштааст рӯзноманигори тошкандӣ Сардор Салим дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук.

Нишони "Дӯстӣ" ба Норбоева рӯзи 28-уми октябр дар шаҳри Самарқанд дар ҷараёни иҷлосияи 54-уми Ассамблеяи байнипорлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил тақдим шуд.

Хабаргузории Senatinform.ru, ки фаъолияти Шӯрои Федератсия, палатаи болоии порлумони Русияро бозтоб мекунад, навиштааст, "раиси палатаи болоии порлумони Узбекистон дарёфти ҷоизаро “шарафи бузург” номида, гуфт, “мехоҳам ба президенти Русия миннатдории самимии худро баён кунам. Мо сазовор будан ба ин нишонро ҳатман собит месозем".

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG