Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кличко гуфт, таъмини мардум бо барқу об аз сар гирифта шуд


Дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакии Русия ба зербунёдҳо, аз ҷумла нерӯгоҳҳо, рӯзи 31-уми октябр мардуми зиёде дар Киев аз обу барқ маҳрум шуданд
Дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакии Русия ба зербунёдҳо, аз ҷумла нерӯгоҳҳо, рӯзи 31-уми октябр мардуми зиёде дар Киев аз обу барқ маҳрум шуданд

Раиси шаҳри Киев гуфт, пас аз ҳамлаҳои мушакии Русия ба зербунёдҳои энергетикӣ, ки пойтахти Украинаро ба мушкилоти зиёд гирифтор кард, таъмини мардум бо нерӯи барқ ва об аз сар гирифта шуд.

Рӯзи 31-уми октябр дар натиҷаи ҳамлаҳои мушакии Русия ба зербунёдҳо, аз ҷумла нерӯгоҳҳо, мардуми зиёде дар Киев аз обу барқ ва хадамоти телефони ҳамроҳ маҳрум шуданд.

Виталий Кличко рӯзи 1-уми ноябр дар Телеграм навишт, ки мутахассисон рӯзи дароз кор карданд, то обу барқи шаҳр дигарбора таъмин шавад.

Айни замон, ба гуфтаи ӯ, қисматҳое аз шаҳр нерӯи барқ нахоҳанд дошт, зеро шабакаҳои барқӣ дар натиҷаи ҳамлаҳои Русия осеби зиёд дидаанд.

Русия рӯзи 31-уми октябр ба чандин шаҳри Украина, аз ҷумла зербунёдҳои муҳими Киев бо мушак зарба зад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG