Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Духтари тоҷик пас аз як моҳ дар шифохонаи Русия ба худ омадааст


Акси Шаҳноза Наврӯзоваро падараш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт
Акси Шаҳноза Наврӯзоваро падараш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузошт

Шаҳноза Наврӯзоваи 10-сола аз Тоҷикистон, ки дар сӯхторе дар ноҳияи Белоярскии Русия ҷароҳат бардошта буд, аз зери дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ берун оварда шуд.

Ӯ беш аз як моҳ боз дар шифохонае дар Екатеринбург дар ҳолати вазнин буд ва бо ёрии дастгоҳ нафас мегирифт.

Сӯхтор шаби 21-уми сентябри имсол рӯй дод. Пизишкон гуфтанд, роҳи нафасу шуши Шаҳноза сахт осеб дидааст.

Аминбек Наврӯзов, падари Шаҳноза, рӯзи 1-уми ноябр гуфт, “ӯ ҳанӯз гап намезанад, аммо дасту пойҳояш ба ҳаракат даромаданд.”

Мақомоти консулгарии Тоҷикистон дар Русия гуфтанд, ҳоло вазъи Шаҳноза беҳбуд ёфта, пизишкон гуфтаанд, ӯро аз шуъбаи эҳё ба ҳуҷраи маъмулӣ мегузаронанд.

Барои идомаи табобати Шаҳноза ва мадад ба хонаводаи ӯ, ки дар сӯхтор ҳама чиз, аз ҷумла санадҳояшонро аз даст доданд, дар Русия маъракаи ҷамъоварии пул роҳандозӣ шуд. То имрӯз беш аз 50 ҳазор рубл ба дасти падараш расидааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG