Бонки Осиёии Рушд рӯзи 28-уми октябр хабар дод, ки барои нигоҳдории роҳҳо дар ҷануби Тоҷикистон беш аз 43 миллион доллар кумаки билоиваз ҷудо кард. Ин роҳ аз Оқмазор то Бохтарро дар бар мегирад.
Як намояндаи бонк гуфтааст, Тоҷикистон кишвари кӯҳӣ асту ба баҳр наздикӣ надорад ва роҳҳои заминӣ барои кашондани бору бурдан ва овардани одамон бисёр муҳим аст.
Аз он пеш Бонки Осиёи Рушд барои ҳимояи иқтисоди Тоҷикистон 50 миллион доллар грант ё ёрии молии бебозгашт ҷудо карда буд. Тоҷикистон уҳдадор шудааст, аз он грант ба 250 ҳазор оилаи камбизоат 600 сомонӣ (59-долларӣ) бидиҳад.
Дар баёнияи дафтари созмон дар Душанбе, ки 24-уми октябр дастраси Радиои Озодӣ шуд, гуфта мешавад, ин ёрии молӣ ба хотири кам кардани осори манфии иқтисодӣ аст, ки аз ҳамлаи Русия ба Украина ба миён омад.
Евгений Жуков, мудири минтақаи Осиёи Марказӣ ва ғарбии БОР гуфтааст, иқтисоди Тоҷикистон, ки нисбатан хурд аст ва нафтро аз хориҷ ворид мекунад, аз ҷанг “сахт осеб дид”. Ба таъкиди ӯ, ёрии молӣ таъсири манфии болоравии нархи хӯрокворӣ, сӯзишворӣ ва кам шудани пули муҳоҷиронро коҳиш хоҳад дод.
Бори аввал аст, ки созмонҳои байнулмилалии шарики Тоҷикистон эътироф карданд, ки иқтисоди кишвар аз ҳамлаи бебаҳонаи Русия ба Украина зиён дид. Қаблан дигар шарикони байнулмилалии Тоҷикистон коҳиш ёфтани маблағи интиқолии муҳоҷирони кориро пешбинӣ карда буданд.
Бонки Осиёии Рушд аз соли 1998 то ҳоло ба Тоҷикистон зиёда аз 2,5 миллиард доллар додааст. Аз ин ҳисоб беш аз 1,8 миллиард доллар кумаки бебозгашт аст.
Гуфтугӯ