Асосгузори SpaceX ва Tesla, сарватмандтарин одами дунё, Илон Маск шабакаи иҷтимоии Twitter-ро ба 44 миллиард доллар харид ва роҳбари ин ширкат шуд.
Илон Маск ин хариду фурӯшро бо ибораи "Паранда дар озодист" шарҳ дод. Рамзи шабакаи иҷтимоии Твиттер паранда аст, аммо унвони шабака ҳамчун "хониши паранда" тарҷума мешавад.
Маск рӯзи 27-уми октябр навори вурудашро ба коргоҳи асосии Twitter нашр кард.
Ба иттилои расонаҳо, Илон Маск мудири иҷроияи Твиттер Параг Агравал, мудири молӣ Нед Сигал, роҳбари бахши ҳуқуқӣ Видҷай Гадде ва мушовири ҳуқуқии ширкат Шон Эдҷеттро аз кор рондааст. Ба гуфтаи Маск, ин афрод ӯ ва сармоягузоронро дар мавриди теъдоди саҳифаҳои дурӯғин дар шабака ба сардаргумӣ бурдаанд.
Интизор меравад, Маск то замони интихоб шудани роҳбари нави ширкат иҷрокунандаи вазифаҳои роҳбар хоҳад буд.
Вай гуфт, Твиттерро ба хотири он харид, ки одамон дар оянда "майдони рақамие барои гуфтугӯ"-ҳои мухталиф дошта бошанд. Пештар ваъда карда буд, ки харҷи ширкатро кам ва онро рақамитар, дӯстонатар ва меҳмоннавозонатар хоҳад кард.
Гуфтугӯҳои Илон Маск барои харидани ширкат ҳанӯз дар моҳи апрели имсол шуруъ шуда буданд.
Гуфтугӯ