Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“KFC” дар Русия пурра баста мешавад


“KFC” дар Русия
“KFC” дар Русия

Шабакаи амрикоии “KFC” дар Русия пурра баста мешавад.

Молики он, ширкати Yum!Brands, 70 тарабхонаашро дар саросари Русия ба як ширкати дигар фурӯхтааст.

Нашрияи “Коммерсант” навишт, ба ҷои “KFC” дар шаҳрҳои Русия акнун тарабхонаҳои “Rostic's” кушода хоҳад шуд.

Харидори тарабхонаҳои “KFC” ширкати "Фуд сервис" аз шаҳри Ижевск шуд. Ин ширкат дар гузашта 41 тарабхонаи вобаста ба “KFC”-ро дар ихтиёр дошт.

Дар умум дар тамоми Русия тахминан як ҳазор тарабхонаи “KFC” вуҷуд дорад, вале аксари онҳоро шахсони алоҳида соҳибӣ мекунанд.

Баъд аз ҳуҷуми бедалели Русия ба Украина ва ҷорӣ шудани таҳримҳо ба Маскав, бисёре аз ширкатҳои ғарбӣ ва аврупоӣ Русияро тарк карданд. Масалан, ҷои тарабхонаҳои амрикоии “McDonalds”-ро як ширкати русӣ гирифт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG