Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар садамаи ҳавопаймои ҷангӣ дар Русия ду халабон кушта шудааст


Сӯхтор пас аз афтодани ҳавопаймо дар Иркутск

Ду халабони як ҳавопаймои ҳарбӣ, ки дар шаҳри Иркутски Русия ба манзили баландошёна бархӯрд, ҳалок шудаанд.

Расонаҳои маҳаллӣ бо нашри видео аз маҳалли ҳодиса навиштаанд, ки ҳавопаймои тирандозӣ Су-30 пас аз афтодан таркидааст ва манзили баландошёна оташ гирифтааст.

Сабаби бархурдани ҳавопаймо ба ин манзили зистро ҳанӯз мақомот шарҳ надодаанд.

Игор Кобзев, раиси вилояти Иркутск гуфтааст, ки ду халабони ҳавопаймо ҳалок шуданд, вале сокинони маҳаллӣ зиён надидаанд.

Рӯзи 17-уми октябр низ як ҳавопаймои Русия дар маҳалаи Ейскаи Краснодар ба садама дучор шуда буд. Халабон наҷот ёфт, вале дар ин ҳодиса 15 сокини маҳалӣ кушта шуд ва 19 нафар ҷароҳат бардоштанд.

XS
SM
MD
LG