Созмони байнулмилалии Human Rights Watch аз мақомоти Қазоқистон даъват кард, ки чаҳор намояндаи боздоштшудаи ҷомеаи қарақалпоқистониҳоро ба Узбекистон истирдод накунанд.
HRW бар ин назар аст, ки нисбати фаъолони қарақалпоқистонӣ дар Узбекистон, мумкин аст, бар асоси ангезаҳои сиёсӣ парвандаҳои ҷиноӣ боз шавад.
Аз ин рӯ, созмон аз Остона даъват дорад, "дар фурсатҳои кӯтоҳтарин" расман чаҳор фаъол - Қочқорбой Торемуродов, Жангелдӣ Жаксимбоев, Раиса Худойберганова ва Зиуар Мирманбетоваро ҳамчун афроди дар ҷустуҷӯи паноҳандагӣ сабт кунад.
"Ҳамаи ин чаҳор нафар солҳои зиёд дар Қазоқистон зиндагӣ доранд ва аз мавқеи мустақили Ҷумҳурии Қарақалпоқистон дар шимоли Узбекистон ҳимоят мекунанд", - омадааст дар изҳороти HRW.
Ин чаҳор фаъоли қарақалпоқистонӣ аз 13-уми сентябр то 4-уми октябр дар Қазоқистон боздошт ва ба ҳабси пешакӣ гирифта шуданд. Узбекистон истирдоди онҳоро дархост кардааст.
Дар Қарақалпоқистон моҳи июли имсол ба далели тағйирот дар Конститутсияи Узбекистон ва бекор кардани мавқеи мустақили ин ҷумҳурӣ эътирозҳои оммавӣ барпо шуд. Тошканд гуфт, "неруҳои хориҷӣ" дахолат кардаанд.
Эътирозҳои Нуқус пахш шуданд. Мақомоти Узбекистон аз 18 кушта, 243 маҷруҳ ва 500 боздоштшуда хабар дода буд. Фаъолон мегӯянд, теъдоди воқеии кушташудаҳо ба маротиб бештар аст.
Гуфтугӯ