Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

WP: Эрон нақша дорад, ба Русия на танҳо бесарнишин, балки мушак низ бидиҳад


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Эрон розӣ шудааст, ки ба таври махфиёна ба Русия на танҳо бесарнишин, балки мушакҳои болдори "замин-замин" низ бидиҳад. Дар ин бора нашрияи The Washington Post бо такя ба манобеаш дар хадамоти иктишофии Амрико хабар медиҳад.

Манзур аз мушакҳо "Фотеҳ-110" ва "Зулфиқор" ҳастанд, ки мутаносибан 300 ва 700 километр парвоз мекунанд. Ба иттилои нашрия, Эрон ҳамчунин тасмим дорад, ба Русия даҳҳо бесарнишини навъи "Муҳоҷир-6" ва дронҳои навъи "Шаҳид-136" интиқол диҳад.

Рӯзи якшанбе вазири корҳои хориҷии Эрон Ҳусайн Амир Абдуллоҳиён дар гуфтугӯи телефонӣ бо вазири мудофиаи Португалия гуфт, Эрон ба ҳеч кишваре аслиҳа интиқол надодааст ва нахоҳад дод, ки дар ҷанги Украина истифода шавад.

"Мо бар ин назарем, ки ёрии низомӣ ба ҳар ҷонибе танҳо ҷангро давомдор мекунад ва мо бар ин назар нестем, ки ҷанг дар Украина, Афғонистон, Сурия ва ё Яман кори дурусте аст", - гуфтааст Амир Абдуллоҳиён.

Ҳам мақомоти низомӣ ва ҳам расонаҳои байналхалқӣ борҳо хабар доданд, ки Эрон ба Русия бесарнишин интиқол медиҳад. Ҳам навъи бесарнишинҳо ҳам теъдоди интиқолшудаи онҳо (2400 адад) ба Русия хабар дода шуд. Вале ҳам Эрон ва ҳам Русия интиқоли бесарнишинҳоро рад мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG