Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тамоюли Покистон барои дастрасии Тоҷикистон ба Гвадар ва Карочӣ


Бандари Гвадар дар Покистон.
Бандари Гвадар дар Покистон.

Ба гузориши расонаҳо, Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон, рӯзи панҷшанбе дар шаҳри Остона аз тамоюли Покистон барои дастрасии Тоҷикистон ба бандарҳои Гвадар ва Карочӣ хабар додааст.

Ба хабари "Express Tribune", ҷониби Покистон ба густариши ҳамкориҳо дар заминаи боркашонӣ тариқи роҳҳои мошин ва қатор таъкид намудааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 13-уми октябр бо нашри хабарнома иттилоъ дод, ки дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Шаҳбоз Шариф "маҷмӯи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Покистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд".

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ба густариши робитаҳо дар заминаи иқтисод, тиҷорат, нақлиёт, тарҳҳои энержӣ, тақвияти сохтани ҳамкориҳои сиёсиву амниятӣ ва низомиву техникӣ табодули назар кардаанд.

Ба ҳадафи амалӣ шудани ин ҳадафҳо, ҷонибҳо ба зарурати таъсиси Шӯрои муштараки ширкатҳои боркашонии ду кишвар таъкид кардаанд.

Тақвияти ҳамкориҳо дар бахши энержӣ, аз ҷумла тарҳи КАСА-1000 аз ҷумлаи масоили дигари мавриди гуфтугӯи Эмомалӣ Раҳмон ва Шаҳбоз Шариф будааст.

Тоҷикистон ва Покистон бо ҳам марзи муштарак надоранд ва роҳи хушкӣ онҳоро аз тариқи Афғонистон ба ҳам мепайвандад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG