Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарбаҳои нави мушакии Русия ба минтақаҳои Украина


Мақомоти Украина гуфтанд, ки нерӯҳои Русия рӯзи 13-уми октябр ба зиёда аз 40 шаҳру минтақаи он кишвар бо мушак зарба задаанд.

Ин ҳамлаҳо баъди он сурат гирифт, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милал рӯзи 12-уми октябр бо аксарияти оро ҳамроҳкунии чаҳор минтақаи Украинаро аз тарафи Русия ғайриқонунӣ номид ва маҳкум кард.

Олексий Кулеба, волии вилояти Киев, мегӯяд, русҳо бо ҳавопаймои бесарнишини "Шаҳид", сохти Эрон, зарба заданд. Вай афзуд, маъмурони наҷот дар маҳалли ҳодиса ҳастанд.

Кирило Тимошенко, муовини раиси дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Украина, мегӯяд, ҳавопаймоҳои бесарнишин асосан иншооти муҳими ғайринизомиро нишон гирифтаанд. Мақомот гуфтанд, талафоти ҷонӣ нест.

Дар задухӯрди шабона дар Миколаив як бинои истиқоматӣ вайрон шудааст. Нерӯҳои Русия шаҳри ҷанубии Никополро дар вилояти Днепропетровск низ тирборон кардаанд.

Ба гуфтаи мақомот, дар онҷо як нафар сахт захмӣ шуда, беш аз 30 бино, лӯлаҳои газ ва хати барқ осеб дид. Зиёда аз 2000 оила бе барқ мондаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG