Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қазоқистон як зани дигар довталаби курсии президентӣ шуд


Салтанат Турсунбекова
Салтанат Турсунбекова

Номзадии узви шӯрои ҷамъиятии Остона Салтанат Турсунбекова ба мансаби президенти Қазоқистон пешбарӣ шудааст.

Турсунбекова масъалаҳои хушунати хонаводагиро дар Қазоқистон матраҳ мекунад. Ӯ лоиҳаи "Қазоқистони бидуни хушунат"-ро раҳбарӣ карда, ҳомии ҳуқуқ низ ба ҳисоб меравад.

Салтанат Турсунбекова дар ниҳодҳои гуногуни давлатӣ ва Додгоҳи олии Қазоқистон кор кардааст. Ӯ дувумин занест, ки довталаби курсии президентӣ дар Қазоқистон шудааст.

Интихоботи пеш аз муҳлати Қазоқистон рӯзи 20-уми ноябри имсол баргузор хоҳад шуд.

Президенти кунунии Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев, раҳбари Пажӯҳишгоҳи иқтисодии маҷмааи байналмилалии илмии Остона Майрам Кажикен, Нурлан Ауесбоев аз ҷониби Ҳизби умумимиллии сотсиал-демократии Қазоқистон ва Жигули Дайрабоев аз ҳизби ҳукуматгарои "Ауил" номзадии худро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кардаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG