Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский гуфт, Русия барқасдона субҳ ҳамла кардааст


Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Президент Владимир Зеленский гуфт, Русия барқасдона субҳи барвақти 10-уми октябр ба минтақаҳои Украина ҳамла кардааст, то талафот дар миёни ғайринизомиён бештар шавад.

Ба қавли ӯ, Русия инчунин бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишини Эрон зерсохторҳои энергетикии он кишварро нишон гирифт.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, гуфт, ин зарбаҳо дар ҷавоб ба амалҳои ба гуфтааш “террористӣ”-и Киев, аз ҷумла ҳамлаи охири ҳафтаи гузашта ба пули муҳими Керч аст. Ин пул Русияро бо Қрими ишғолшуда мепайвандад.

Ростислав Смирнов, мушовири Вазорати корҳои дохилии Украина, гуфт, танҳо дар як ҳамла ба Киев дастикам ҳашт нафар кушта ва 24 нафар захмӣ шудаанд.

Зеленский дар навор дар назди дафтари кориаш гуфт: “Субҳи имрӯз мушкил буд. Мо бо террористҳо сарукор дорем.”

Вай афзуд, “бо даҳҳо мушак ва “Шаҳид”-ҳои эронӣ (як навъи ҳавопаймои бесарнишини Эрон) ҳамла карданд. Онҳо воҳима ва бесарусомонӣ мехоҳанд. Ният доранд, системаи энержии моро вайрон кунанд.”

Путин дар як тамоси видеоӣ бо аъзои Шӯрои Амнияти Русия рӯзи 10-уми октябр гуфт, артиши кишвараш аз ҳаво, дарё ва замин иншооти муҳими энержӣ ва низомии Украинаро нишон гирифт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG