Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи исқоти ҳамл дар Туркманистон фасоди молиро афзудааст


Шаҳри Ишқобод (Ашхобод)
Шаҳри Ишқобод (Ашхобод)

Манъи исқоти ҳамл дар Туркманистон боиси афзоиши ҳолатҳои фасодкорӣ дар миёни кормандони тибби он кишвар шудааст.

Хабарнигорони бахши туркмании Радиои Озодӣ бо истинод ба чандин бемор ва манбаи худ дар низоми тандурустии Туркманистон хабар доданд, ки қонуни нав роҳро барои афзоиши фасод дар дармонгоҳҳо ва бемористонҳо боз кардааст.

"Бонувоне, ки мехоҳанд ҳомиладории худро қатъ кунанд, ба табибон ришва медиҳанд. Онҳо расман барои машварат пулро пардохт карда, сипас барои исқоти ҳамл ба табиб алоҳида пул медиҳанд", - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи як манбаъ дар низоми тандурустии шаҳри Марии Туркманистон, миқдори ришва барои исқоти ҳамл, вобаста ба моҳи ҳомиладорӣ аз 100 то 500 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар Туркманистон моҳи марти имсол, чанд ҳафта пас аз президент шудани Сардор Бердимуҳаммадов қонуне қабул шуд, ки исқоти ҳамлро баъди 5 ҳафтаи ҳомиладорӣ манъ мекунад. Ҳолатҳое, ки ҷони модар дар хатар аст, истисно мебошад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG