Иттиҳоди Аврупо мегӯяд, вазъи муташанниҷ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон "ба таназзули суботи минтақа меорад". Ин ниҳод аз ҳарду тараф даъват кардааст, ки мушкили пешомадаро бо гуфтугӯ ҳал кунанд.
Намояндагии Иттиҳоди Аврупо рӯзи 19-уми сентябр бо пахши изҳороте аз созиши оташбас истиқбол ва аз ҳарду тараф даъват кард, ки иҷрои онро таъмин кунанд.
"Даъват мекунем, ки ҷонибҳо барои коҳиши шиддати вазъият ва расидан ба ҳалли устувори ихтилофҳои мавҷуда тамоми қувваро ба харҷ диҳанд. Даъват мекунем, ки ҳама гуна ихтилоф бо роҳи осоишта ва дипломатӣ ҳал карда шаванд," -- омадааст дар изҳороти намояндагии Иттиҳоди Аврупо.
Саоҳади Тоҷикистону Қирғизистон рӯзҳои 14-17-уми сентябр шоҳиди як муноқишае шуд, ки аз ҳарду тараф даҳҳо нафарро куштаву маҷруҳ барҷой гузошт. Ду тараф якдигарро дар ин даргирӣ айбдор мекунанд.
Гуфтугӯ