Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги Маҳсо Аминӣ сабаби эътирозҳо шуд


Маҳсо Аминӣ
Маҳсо Аминӣ

Пас аз марги ҳомии ҳуқуқи башар, Маҳсо Аминӣ, садҳо нафар дар пойтахти Эрон ба кӯчаҳо баромаданд.

Тазоҳурот рӯзи 17-уми сентябр дар назди бемористони Касрои Теҳрон, ки Аминӣ онҷо даргузашт ва дар зодгоҳаш, Сагези Курдистони Эрон, ки онҷо ба хок супурда шуд, баргузор гардид.

Эътирозгарон шиори “Марг бар диктатор!” дода, баъзе аз занон ҳиҷобҳои худро дарондаанд.

Пулис аз гази ашковар истифода бурда, ба тарафи эътирозгарон оташ кушодааст. Ба гуфтаи Шабакаи Ҳуқуқи Башари Курдистон, дастикам 15 кас осеб дид.

Маҳсо Аминии 22-сола, намояндаи ақаллияти курд, аз ҳуқуқи занон ҳимоят кард.

Ӯ рӯзи 13-уми сентябр ба далели надоштани ҳиҷоб боздошт ва ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, дар дохили мошини пулис сахт латукӯб шудааст.

Маъмурони пулиси Теҳрон иддао карданд, ки фаъоли 22-сола ногаҳон мушкили қалб пайдо кард ва дар ҳолати кома дар бемористон бистарӣ шуд. Хабари даргузашти ӯро рӯзи 16-уми сентябр эълон карданд.

Наздикони Маҳсо Аминӣ мегӯянд, ӯ комилан солим буд ва аз дарди қалб ранҷ намебурд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG