Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизистон 19 сентябрро рӯзи мотами миллӣ эълон кард


Раиси ҷумҳурии Қирғизистон 19-уми сентябрро дар кишвараш "рӯзи мотами миллӣ" эълон кард.

Содир Ҷабборов (Садир Жапаров) дар фармоне сабаби тасмимро ба даргирии мусаллаҳонаи 14-17-уми сентябр дар марзи кишвараш бо Тоҷикистон рабт дод. Вай гуфтааст, дар ин даргирӣ "шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон кушта шуданд".

"Дар рӯзи мотами миллӣ дар саросари кишвар ва намояндагиҳои дипломатӣ дар хориҷа парчами давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон поин оварда шуда, муассисаҳои фарҳангӣ ва телевизиону радио чорабиниҳо ва барномаҳои тафреҳиро бекор кунанд," – гуфта шудааст дар фармон.

Рӯзҳои 14-17-уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон даргирӣ сар зад. Аз ҳарду тараф даҳҳо кас кушта ва захмӣ шуданд. Тоҷикистону Қирғизистон якдигарро ба оғози муноқиша ва таҷовузи мусаллаҳона ба қаламрави худ айбдор мекунанд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон мегӯяд, дар даргирӣ 36 кас кушта ва 134 нафар осеб диданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 18-уми сентябр аз кушта шудани дастикам 30 ғайринизомӣ хабар дод, вале омори пурраи низомиёни ҳалокшударо нагуфт.

Ҳизби демократи Тоҷикистон аз кушта шудани 60 нафар ва захмӣ шудани садҳо кас хабар дод. Манобеи Радиои Озодӣ то ин дам дар бораи кушта шудани 39 нафар иттилоъ доданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG