Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дабири кулли СПАД ба оташбаси фаврӣ хонд


Станислав Зас
Станислав Зас

Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ба оташбаси фаврӣ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон даъват кард.

Станислав Зас рӯзи 16-уми сентябр бо дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода ва ҳамтои қирғизистонияш Марат Имонқулов дар ин бора телефонӣ гап задааст.

Созмони Паймони Амниятӣ Дастҷамъӣ дар баёнияе гуфт, ки ҷонибҳо “зарурати оташбаси фавриро” зикр карданд.

Ҳамчунин дар мулоқот хоста шудааст, ду тараф барои ҳалли сулҳомези низоъ тавассути мақомоти салоҳиятдор музокиротро ба роҳ монанд.

Рӯзи 16-уми сентябр дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон дигарбора тирпарронӣ шуд. Ду ҷониб якдигарро ба истифода аз силоҳҳои сангин муттаҳам карданд.

Тоҷикистон дар бораи талафот ва захмиҳо чизе нагуфтааст. Мақомоти Қирғизистон гуфтанд, дар даргирии рӯзи ҷумъа 31 кас захмӣ шуд.

Ба Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомиланд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG