Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷонибдорони Русия шикаст дар ҷанг бо Украинаро тасдиқ карданд


Танкҳои Русия дар ихтиёри нерӯҳои Украина қарор гирифтааст.
Танкҳои Русия дар ихтиёри нерӯҳои Украина қарор гирифтааст.

Президенти Украина Владимир Зеленский дар изҳороти видеоии 12-уми сентябраш гуфт, ки моҳи ҷорӣ артиши кишвараш 6 ҳазор километри мураббаъ аз қаламравҳои ишғолшударо дубора таҳти назорати худ даровард.

Пеш аз ин як мақоми аз ҷониби Русия таъиншуда тасдиқ кард, ки шумори нирӯҳои украинӣ бартарият доранд ва артиши украинӣ ба сарҳади Русия наздиктар мешаванд. Ситоди кулли Украина рӯзи 11-уми сентябр гуфт, ки нирӯҳои украинӣ дар минтақаҳои Харков, Луҳанск ва Донетск 20 деҳаро озод карданд. Виталий Ганчев, як мақоми аз ҷониби русҳо таъиншуда дар Харков субҳи 12-уми сентябр дар суҳбат бо телевизиони "Россия 24" гуфт, ки нирӯҳои украинӣ минтақаҳои пештар таҳти назорати русҳо даромадаро дар шимоли Харков дубора ба дасти худ дароварданд. Ганчев гуфт, ки дар ҷараёни ҳамлаи ҷавобии украиниҳо шумори нирӯҳои ин кишвар назар ба низомиёни Русия ҳашт ба як бештар будааст.

Гузориши тасдиқношудаи ӯ дар ҳоле садо дод, ки низомиёни украинӣ шаҳрҳои муҳими таъминотии Изюм ва Купянскоро ба даст оварданд. Ин минтақаҳо аз тарафи маъмурияти аз ҷониби русҳо таъиншудаи Харков назорат мешуданд. Низомиёни украинӣ бо пахши наворҳои видеоӣ саҳнаҳои дар болои биноҳои вилояти Харков барафрошта шудани парчамҳои украиниву сипосгузории сокинони мулкиро намоиш медиҳанд. Дар баъзе видеоҳо боқимондаҳои тонку тӯпҳои русҳо дида мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG