Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина 3 ҳазор километр заминашро аз дасти Русия озод кард


Владимир Зеленский, президенти Украина
Владимир Зеленский, президенти Украина

Низомиёни украинӣ мегӯянд, ки талошашонро барои бозпас гирифтани заминҳои ишғолшуда аз дасти Русия идома медиҳанд ва президенти Украина Владимир Зеленский ба Кремл як паёми сахте фиристод.

Ситоди кулли Украина гуфт, ки дар чанд рӯзи гузашта нирӯҳои дифоии онҳо боз беш аз 20 деҳаро дар минтақаҳои Харкову Донетск дар шарқи Украина дубора бозпас гирифтанд. Ба қавли мақомоти украинӣ, нирӯҳои русӣ мушакборонҳои зербунёдҳои калидии ин ду минтақаро идома медиҳанд. Дар минтақаҳои Харков, Суми, Полтава, Запорожя ва Днепропетровск мушкили норасоии обу барқ эҳтимолан миллионҳо сокинро азият мекунад.

Зеленский гуфт, ки Русия ба хотири “аз рӯшноиву гармӣ маҳрум кардани мардум” муассисаҳои маданиро ҳадаф қарор медиҳад.

Ӯ дар мусоҳиба бо телевизиони CNN гуфт, айни замон омода нест, ки бо президенти Русия Владимир Путин гуфтугӯ кунад.

Ба гуфтаи вай, то замоне, ки ҷанг идома дорад Украина гуфтугӯ нахоҳад кард. "Онҳо бо созишномаву гуфтугӯҳо низоъро муваққатан манъ мекунанд ва замоне, ки қувват гирифтанд, дубора пеш мераванд. Ин стратегияи онҳо аст - марҳила ба марҳила ва бисёр ба оҳистагӣ, қисм-қисм моро фурӯ баранд. Ман намехоҳам, дар ин бозӣ ширкат кунам", - гуфт Зеленский.

Ҷониби Русия хоҳиши созиш карданро надорад ва вай тасмим надорад, бо онҳое гуфтугӯ кунад, ки танҳо "улматитум" мегузоранд, афзуд Зеленский.

Вай илова кард, созиш бо Москва танҳо баъди озод кардани ҳамаи ҳудудҳои аз сӯи Русия ғасбшуда имконпазир аст.

Пештар аз ин мақомоти баландпояи Украина гуфтанд, ки агар ҳама қаламравҳои ишғолшудаи ин кишвар аз ҷониби Русия озод нашавад, бо Маскав музокира нахоҳанд кард.

Валерий Залужний, фармондеҳи нирӯҳои украинӣ рӯзи 11 сентябр гуфт, ки аз шурӯи моҳи сентябр нирӯҳои ин кишвар 3 ҳазор километр қаламравҳоро бозпас гирифтанд.

Дар шароите, ки ақибнишинии нирӯҳои Русия бештар дида мешавад, мақомоти Маскав гуфтанд, ки Кремлин ба муколама бо Киев омода мебошад. Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дар як суханрониаш дар телевизион 11-уми сентябр гуфт, ки “Русия аз барпо кардани музокирот бо Украина даст намекашад, вале то чанде ин ҷараён тӯл кашад, даст ёфтан ба созиш ҳамон қадар ҳам мушкилтар мешавад.”

Мақомоти украинӣ гуфтанд, ки Русия маркази гармидиҳии рақами 5-ро дар Харков, ки дуюмин корхонаи азими барқу гармӣ мебошад, зарар додааст. Зеленский бо нашри як навори видеоие гуфт, ки дар ин корхона сӯхтор рух додааст. Шоми дирӯз дар баъзе минтақаҳо барқ барқарор шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG