Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Петербург хостаанд, Путин ба хиёнат гунаҳкор шавад


Владимир Путин
Владимир Путин

Як Шӯрои маҳаллӣ дар Санкт-Петербург ба Думаи давлатии Русия пешниҳод кардааст, ки президент Владимир Путинро ба хиёнат ба давлат гунаҳкор кунанд. Дар ин бора вакили маҳаллӣ Дмитрий Палюга хабар дод.

Вакилони петербургӣ бар ин назаранд, ки қарори Путин дар бораи оғози ҳамлаи густарда ба Украина ба амнияти Русия ва шаҳрвандонаш зарар мерасонад.

Онҳо гуфтаанд, дар ҷанг дар Украина ҷавонон мефавтанду маҷруҳ мешаванд ва иқтисоди Русия зиён мебинад.

Ҳарчанд Путин мегӯяд, ҳадаф аз хушунати низомӣ пешгирӣ аз густариши НАТО ва мусаллаҳшавии Украина аст, баъди ҳамлаи Русия ба Украина, НАТО густаришашро ба шарқ бештар кард ва Киев силоҳи зиёдтар дастрас намуд.

Дар моҳи март, баъди чанд рӯзи оғози ҳамлаи Русия ба Украина, вакилони маҳаллии Санкт-Петербург аз Путин хоста буданд, "хунрезӣ" бас, артиш аз ҳудуди Украина берун оварда шуда ва президент ба истеъфо равад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG