Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷабборов гуфт, аз акси "бародари тило ба даст"-и ӯ фоҷеа насозанд


Содир Ҷабборов
Содир Ҷабборов

Содир Ҷабборов (Жапаров), президенти Қирғизистон, дар мусоҳиба бо расонаҳои маҳаллӣ ба суолҳои марбут ба кони тилои "Қумтор" посух гуфт.

Ҷабборов ду суолро шарҳ дод: яке акси бародари вай бо хиштҳои тилоӣ ва дигаре фурӯши 19 тонна тилои Қумтор.

Президенти Қирғизистон гуфт, акси тило ба дасти бародараш дар Туркия гирифта шудааст.

"Соли гузашта Эътилофи бозорҳои металҳои қиматбаҳои Лондон (LBMA) фурӯши тилои Қирғизистонро дар бозори ҷаҳонӣ маҳдуд кард. Он замон туркҳо натавонистанд, ба ҳузури ман ва дигар мансабдорон роҳ ёбанд, бюрократия ҳамоно мавҷуд аст. Онҳо пешниҳоди хариди тилои моро доштанд, ба тамошои корхонаи худ даъват карданд, акс ҳамон замон бардошта шудааст. Аз ин фоҷеа насозед," -- гуфт ӯ.

Раиси ҷумҳурии Қирғизистон дар идома афзуд: "Ҳатто як грам тило ба онҳо нафурӯхтем. Ба ҷуз аз Туркия 10 кишвари дигар пешниҳоди хариди тило карданд. Хешовандони ман фикр мекунанд, ки чӣ гуна ба кишвар мадад расонанд. LBMA фурӯши тилоро маҳдуд кард, ҳамаи онҳо нигарон буданд. Он замон, вай (бародари президент) бо андешаи ёрӣ ба Туркия рафт. Ҳеч касе аз номи давлат дар ин бора дархост накардааст. Вай он ҷо рафт, ки донад, тило чӣ қадар арзиш дорад, аммо арзиши тило хеле пойин буд, аз ин рӯ, як грам тило фурӯхта нашудааст."

Бо ин вуҷуд, президенти Қирғизистон гуфт, ин рафтори бародараш мудохила ба умури давлат нест. Вай илова кард, ки "дар тамоми давлатҳо меҳмонон ва сармоягузорон бо хешовандони президент тамос мегиранд".

Дар мавриди тилои кони Қумтор Ҷабборов гуфт, "наздики як сол тило фурӯхта нашуд ва дар Бонки миллӣ захира гардид. Баъди бардоштани маҳдудиятҳои LBMA тило дар бозори ҷаҳонӣ бо барои гарон фурӯхта мешавад".

Пештар вакили порлумони Қирғизистон Мирлан Самийкожо аз дастгоҳи президенти он кишвар дархост кард, ки акси Собир Ҷабборов, бародари Содир Ҷабборовро шарҳ диҳанд. Акси тило ба дасти бародари президент ахиран дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG