Энтонӣ Блинкен, вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи 8-уми сентябр ғайриинтизор ба Киев сафар кард. Ҳамзамон Иёлоти Муттаҳида ба Украина ва дигар кишварҳои Аврупо бештар аз 2 миллиарду 600 миллион доллар кумак ваъда дод.
Блинкен баъди қатъи ногаҳонии сафар ба Лаҳистон ба шаҳри Киев рафт ва ду соат бо Владимир Зеленский, раиси ҷумҳурии Украина, суҳбат кард.
Зеленский баъдан иддао кард, ки нерӯҳои кишвараш “даҳҳо маҳалларо” дар шимолу ҷанубу шарқи кишвар озод кардаанд.
Дар муроҷиати видеоӣ дар шаби 8-уми сентябр Зеленский гуфт, аз рӯзи 1-уми сентябр нерӯҳои Украина бештар аз 1000 километри мураббаъро аз дасти нерӯҳои Русия озод карда, шаҳраки Балаклияро дар вилояти Херсон гирифтаанд.
Ин вилоятро Русия моҳи март ишғол кард.
Виталий Ганчев як мақоми тарафдори Русия ин иддаоро беасос номид ва гуфт, ки нерӯҳои Украина хостаанд, Балаклияро муҳосира кунанд, вале ақиб зада шуданд.
Олексий Громов, як мақоми украинӣ гуфт, ки нерӯҳои кишвараш дар атрофи вилояти Харков ҷабҳаи нерӯҳои Русияро то 50 километр рахна карда, бештар аз 20 шаҳрак ва русторо гирифтанд. Иддаое, ки тасдиқи он номумкин аст.
Гуфтугӯ