Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ғаму андӯҳи бузург". Вокунишҳо ба даргузашти маликаи Бритониё. АКС, ВИДЕО


Елизаветаи дувум
Елизаветаи дувум

Даргузашти маликаи Бритониё, Елизаветаи дувум, ки ҳафтод сол бар тахт нишаста буд, вокунишҳоеро дар сартосари ҷаҳон барангехтааст. Ӯ шаби 8-уми сентябр ва дар 96-солагӣ даргузашт.

Писараш, Чарлзи 73-сола, подшоҳи Бритониё шуд. Вай дар паёме марги модарашро "бузургтарин ғаму андӯҳ" барои худу хонаводааш номид.

Кохи Сафед дар вокуниш ба ин рӯйдод ибрози ҳамдарии амиқ карда, гуфтааст, "малика раҳбари яке аз қавитарин муттаҳидони Амрико буд".

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса, дар баёнияе гуфт, малика Елизаветаи дувум дар ҳафтод соли гузашта намоде аз иттиҳоди мардуми Бритониё буд.

Антонио Гутерриш , дабири кулли Созмони Милал, гуфтааст, маликаи Бритониё ба хотири лутфу каромату фидокориҳояш дар ҷаҳон ба таври густарда мавриди таҳсин қарор дошт.

Лиз Трасс, нахуствазири нави Бритониё, хост, мардум барои ҳимоят аз подшоҳи нав гирди ҳам оянд ва афзуд, кишвараш акнун фасли наверо оғоз мекунад. Вай таъкид кард, ки вафодорӣ ва пуштибонии худро ба подшоҳи нави Бритониё иброз медорад.

Бо хабари даргузашти малика Елизаветаи дувум, Би-би-сӣ суруди "Худованд маликаро нигаҳ дор"-ро пахш кард ва парчами Бритониё бар фарози қасри салтанатӣ ба ҳолати нимаафрошта даромад.

Малика Елизаветаи дувум салтанаташро дар соли 1952 оғоз кард. Ӯ пас аз марги падараш, замоне ки 25-сола буд, малика шуд ва пас аз Ҷанги Ҷаҳонии Дувум бештар рӯйи бозсозии Бритониё тамаркуз кард.

Дар замони салтанати маликаи Елизаветаи дувум, Бритониё ба Иттиҳоди Аврупо пайваст ва сипас аз ин Иттиҳод берун шуд.

Дар умум, дар ҳафтод соли раҳбарии ӯ, понздаҳ нахуствазир дар Бритониё иваз шуд. Ин феҳрист аз Уинстон Черчил то Лиз Трасро дар бар мегирад.

Подшоҳи нави Бритониё рӯзи ҷумъа дар баробари аъзои хонадони салтанатӣ, мақомоти Бритониё ва баъзе аз меҳмонони хориҷӣ суханронӣ хоҳад кард.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG