Маҷористон талаби берун кардани се сарватманди русро аз рӯйхати таҳримҳои зидди Маскав рад кард.
Манобеи дипломатӣ мегӯянд, дар мулоқоти сафирони Иттиҳоди Аврупо дар Брюссел рӯзи 7-уми сентябр намояндагони Маҷористон (Венгрия) гуфтанд, омодаанд, аз тамдиди таҳримҳо нисбати соҳибкорони Русия пуштибонӣ кунанд.
Ин дар ҳолест, баъзе аз манобеъ гуфтанд, Маҷористон талаб кардааст, Алишер Усмонов, Петр Авен ва Виктор Рашников - се тоҷири рус аз рӯйхати таҳримҳо берун карда шаванд.
Усмонов ва Авен сарватмандони рӯ ба Кремл дониста мешаванд. Иттиҳоди Аврупо бовар дорад, онҳо бо президенти Русия Владимир Путин иртиботи наздик доранд.
Тасмими тамдиди таҳримҳои зидди Маскав бояд то 15-уми сентябр гирифта шавад. Дар рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо беш аз 1200 шахси воқеӣ ва зиёда аз 100 ширкат дохиланд.
Гуфтугӯ