Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешниҳоди таъсиси идораи кор бо муҳоҷирон дар Қирғизистон


Муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Русия
Муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Русия

Баъзе аз вакилони порлумони Қирғизистон рӯзи 8-уми сентябр масъалаи вобаста ба муҳоҷиронро ба муҳокима гузоштанд.

Вакил Нуржигит Қодирбеков пешниҳод кард, ки ниҳоди алоҳидаи давлатии кор бо муҳоҷирон таъсис дода шавад.

"Масъалаи муҳоҷиронро мо ҳар дафъа ба ихтиёри ниҳодҳои гуногун месупорем - гоҳе ба вазорати рушди иҷтимоӣ, гоҳе ба вазорати тандурустӣ, гоҳе ба вазорати корҳои хориҷӣ", - гуфт вакили порлумон.

Эмил Жамгирчиев, вакили дигар бар ин назар аст, ки муҳоҷирон бояд ваколатдори алоҳида дошта бошанд.

Бино ба иттилои охирин, 1 миллиону 118 ҳазор қирғизистонӣ дар кишварҳои хориҷ муҳоҷир ҳастанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG