Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯҳои Украина чанд маҳалларо дар Харков бозпас гирифтаанд


Владимир Зеленский
Владимир Зеленский

Раиси ҷумҳурии Украина мегӯяд, нерӯҳои кишвараш чанд маҳаллаеро дар вилояти ҷанубушарқии Харков аз дасти нерӯҳои Русия бозпас гирифтанд.

Владимир Зеленский шаби 7-уми сентябр дар суханронии видеоии худ гуфт: “Ин ҳафта мо аз вилояти Харков хабарҳои хуб дорем.” Ӯ афзуд, ҳоло фурсати хубе барои ном бурдани маҳаллаҳои озодшуда нест.

Гузоришҳо дар бораи пешравии нерӯҳои Украина дар вилояти Харков чанд рӯз боз бо видеову аксҳои сарбозони украинӣ дар чанд русто чарх мезаданд, вале мақомоти Украина то кунун онҳоро тасдиқ накарда буданд.

Айни замон раиси ҳизби ҳокими Русия гуфт, дар минтақаҳои ишғолшудаи Украина рӯзи 4-уми ноябр раъйпурсӣ дар бораи ба Русия ҳамроҳ шудани ин минтақаҳо сурат мегирад.

Мақомоти қаламравҳои ишғолӣ қаблан гуфта буданд, ки шояд раъйпурсӣ рӯзи 11-уми сентябр сурат бигирад.

Кирил Стремоусов, раиси дастнишондаи Русия дар вилояти Херсон, гуфт, бо назардошти “таҳаввулоти ҷорӣ” дар вилоят, ки зоҳиран ишорае ба ҳамлаҳои ҷавобии Украина аст, раъйпурсӣ ба таъхир гузошта шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG