Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW ҳамла ба ақаллиятҳои мазҳабиро дар Афғонистон танқид кард


Афғонистон
Афғонистон

Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) ҳушдор додааст, ки ақаллиятҳои мазҳабии Афғонистон бо ҳамлаҳои пайвастаи шохаи “Хуросон”-и гуруҳи террористии “Давлати исломӣ” (ДОИШ) рӯбарӯ ҳастанд, аммо маъмурияти Толибон дар ҳимоят аз онҳо ноком аст.

Созмон ба ҳамлаҳои шохаи маҳаллии ДОИШ ба ақаллияти шиамазҳаби ҳазора ишора кардааст.

Изҳороти HRW рӯзи 6-уми сентябр нашр шуд.

Дар он гуфтаанд, ДОИШ масъулияти камаш 13 ҳамларо ба ҳазораҳо ба дӯш гирифт, ки дар натиҷаи он камаш 700 кас кушта шудаанд.

Ба қавли муаллифони изҳорот, маъмурияти Толибон вазифадор аст, амнияти ҷамоаҳои зери хатарро таъмин кунад.

Ҳукумати Толибон як сол пеш қаламрави Афғонистонро тасарруф кард. То ҳол ягон кишвари олам ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳукумати Толибонро бо поймол намудани ҳуқуқи инсон ва ба хусус, ҳуқуқи занону ақаллиятҳо, муттаҳам мекунад.

Дидбони Ҳуқуқи Башар дар изҳороташ аз ҷомеаи байнулмилалӣ хостааст, аз мақомот дар Кобул ҳимояи беҳтари ақаллиятҳоро талаб карда, айни замон ихроҷи паноҳанҷӯёнро ба Афғонистонро бас кунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG