Оҷонси омори Русия мегӯяд, аз аввали имсол беш аз 400 ҳазор нафар ин кишварро тарк кардаанд. Ин дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 200 ҳазор бештар будааст.
Оҷонс дар ҳисоби худ гуфтааст, аксар шаҳрвандони Русия ба Украина, Тоҷикистон, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон рафтаанд.
Аз 368 ҳазор шаҳрванди Русия, ки ба кишварҳои пасошӯравӣ рафтаанд, 74 ҳазор нафарашон то кунун ба ватан барнагаштаанд.
Аз 50 ҳазор нафари дигаре, ки ба кишварҳои ғарбӣ сафар кардаанд, танҳо 27 ҳазори онҳо ба ватан баргаштаанд.
Ба навиштаи Оҷонси омори Русия, тақрибан аҳолии ин кишвар нисбат ба соли гузашта ним миллион камтар шудааст.
Пас аз оғози ҷанги Русия бо Украина нисбат ба ин кишвар таҳрим ҷорӣ шуд ва садҳо ширкати хориҷӣ аз Русия рафтанд.
Гуфтугӯ