Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гирдиҳамоӣ дар як ноҳияи Бишкек то декабр манъ шуд


Бишкек, моҳи апрели 2022

Додгоҳи Якуми майи шаҳри Бишкек манъи баргузории гирдиҳамоиҳоро дар ин ноҳияи пойтахти Қирғизистон то 1-уми декабр дароз кард.

Ба ин тартиб, баргузории ҳама гуна гирдиҳамоиҳо то 1-уми декабри имсол пушти дари сафорати Русия дар шаҳри Бишкек, майдони марказии ин шаҳр, назди бинои порлумон, дастгоҳи президент ва бинои Кумитаи давлатии амнияти миллӣ манъ шуд.

Ёдрас мешавем, рӯзи 11-уми март Додгоҳи ноҳияи Якуми май баргузории ҳама гуна гирдиҳамоиҳоро дар ҳудуди ноҳия то 11-уми апрел манъ кард. Баъдтар ин қарор тамдид шуд.

Дар оғози ҳамлаи Русия ба Украина, дар охири моҳи феврали имсол, сокинони шаҳри Бишкек чанд дафъа пушти дари сафорати Русия гирдиҳамоӣ ташкил карданд. Сокинон ба ин тартиб зиддияташонро ба ҳамлаи Русия болои Украина нишон доданд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG