Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати дастикам 8 кас дар заминларзае дар Афғонистон


Пайомади заминларзаи моҳи июн дар Афғонистон. Акс аз бойгонӣ
Пайомади заминларзаи моҳи июн дар Афғонистон. Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Толибон гуфтанд, бар асари заминларзаи сахти шаби 5-уми сентябр дар шимоли шарқи Афғонистон дастикам 8 кас ҷон бохтанд.

Мавлавӣ Наҷибуллоҳ Ҳаниф, сухангӯйи ҳукумати вилояти Кунар, ба хабарнигорон гуфт, "мумкин аст, шумораи қурбониён афзоиш ёбад."

Заминларзае баробар ба 5,3 дараҷаи Рихтер шаби якшанбе ба душанбе дар наздикии шаҳри Ҷалолобод сабт шудааст.

Ҳаниф гуфт, "ин заминларза ҳам талафоти ҷонӣ дар пай дошт ва ҳам зиёни молӣ."

Дар заминларзаи моҳи июни имсол дар Афғонистон беш аз 100 кас ҷон бохта, чандин бинову иншоот фурӯ рехт.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG