Мақомоти шаҳри Самарқанди Узбекистон дар робита ба нишасти сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ), ки дар ин шаҳр баргузор хоҳад шуд, чораҳои амниятиро ба таври ҷиддӣ тақвият додаанд. Нозирони умур мегӯянд, ин тадбир ба сафари эҳтимолии президенти Русия Владимир Путин ба Самарқанд рабт дорад.
Сокинони маҳаллии Самарқанд дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфтанд, барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳр аз ноҳияҳои ҳамсоя нерӯҳои иловагии Горди миллии Узбекистон ҷалб карда шудааст.
"Дар шаҳр шумораи мошинҳои Горди миллӣ бо рақамҳои ноҳияҳои гуногун зиёд шудааст. Илова бар ин, мо мошинҳои пулисро дар шаҳр зуд-зуд мебинем", - изҳор дошт як фаъол аз Самарқанд, ки нахост номаш бурда шавад.
Ширкати миллии ҳавопаймоии “Узбекистон ҳаво йулларӣ” ҳам эълом карда буд, ки фурудгоҳи Самарқанд рӯзҳои 14-16-уми сентябр дар робита ба нишасти сарони кишварҳои СҲШ дар ин шаҳр баста мешавад.
Раҳбарони Чин ва Ҳиндустон иштироки худро дар саммити Самарқанд тасдиқ кардаанд, вале на Кремл ва на Тошканд то ҳол хабар надодаанд, ки президенти Русия ба Узбекистон меояд, ё не.
Ҷаласаи навбатии сарони СҲШ рӯзҳои 15-16--уми сентябри имсол дар Самарқанд баргузор мешавад. Узбекистон, Русия, Чин, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон ва Эрон узви СҲШ мебошанд. Афғонистон, Муғулистон ва Белорус узви нозири созмон ҳастанд.
Гуфтугӯ