Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбекистон ба Покистон ёрии башардӯстона фиристод


Покистон
Покистон

Узбекистон ба Покистон 40 тонна кумаки башардӯстона фиристод.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон, кумаки башардӯстона аз равғани растанӣ, орду биринҷ, маҳсулоти гӯштӣ, қаннодӣ ва либосу рахти хоб иборат аст. Кумак рӯзи 1-уми сентябр ба Исломобод фиристода шудааст.

Бино ба иттилои расмӣ, сел 25 дарсади Покистонро фаро гирифтааст. Дар натиҷаи офати табиӣ дастикам 1100 нафар ҷон бохта, тақрибан як миллион хона тахриб ва даҳҳо миллион покистонӣ осеб дидаанд.

Созмони Милал аз кишварҳои сармоядор даъват кард, ки ба Покистон дастикам 160 миллион доллар кумаки фаврӣ расонанд.

Созмон гуфт, дар натиҷаи офати табиӣ 500 000 сокини Покистон маҷбур шудаанд, хонаҳои худро тарк кунанд ва дар урдугоҳҳо дар минтақаҳои амн зиндагӣ намоянд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG