Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон гуфт, соли 2023 дар ИДМ соли забони русӣ аст


Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин

“Соли 2023 дар Тоҷикистон ва ҷумҳуриҳои дигари Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил соли забони русӣ эълон шудааст.”

Дар ин бора раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти онлайнӣ бо ҳамтои русаш Владимир Путин ва ба муносибати ифтитоҳи 5 мактаби русӣ дар кишвар ёдоварӣ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1-уми сентябр гуфт, ин тасмим ду сол пеш дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гирифта шудааст.

“Дар ин замина, ба мувофиқа расидем, ки барои дастгирӣ ва инкишофи забони русӣ дар кишварҳои Иттиҳод, аз ҷумла дар Тоҷикистон чораҳои иловагӣ андешида шаванд,” – афзуд ӯ.

Ҳукумати Русия забони русиро василаи муҳими тақвияти мавқеъ ва нуфузи ин кишвар дар қаламрави Шӯравии собиқ арзёбӣ мекунад.

Аз сӯи дигар, вобастагии кишварҳое ба мисли Тоҷикистон аз бозори кори Русия зарурати донистани забони русиро дар миёни қишри бахусус ҷавони он ба миён меорад.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG