Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Милал ба Тоҷикистон ба маблағи $700 ҳазор ёрӣ расонд


Комиссариати олии Созмони Милал дар умури гурезагон барои Тоҷикистон ба маблағи 700 ҳазор доллар ёрии башардӯстона расонд.

Тибқи хабарномаи Комиссариат, аз ин маблағ 466 ҳазор доллараш барои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва боқӣ барои мадад ба мактабу беморхонаҳо дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ пешбинӣ шудааст.

Ба иттилои манбаъ, ин маблағи ҳукумати Ҷопон буда, тавассути Комиссариати олии СММ дар умури гурезагон ба Тоҷикистон дода мешавад.

"Кумакҳои башардӯстона хаймаҳои оилавӣ, тахти хоб, асбоби ошхона ва чизҳои дигари заруриро дар бар мегиранд. Тамоми лавозимоти кумакҳои башардӯстона ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва, инчунин, ба муассисаҳои таълимию тиббии маҳаллӣ дар Тоҷикистон интиқол дода мешавад. Ин ёрӣ ба ҳукумати Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ба гурезаҳо ва сокинони маҳаллӣ дар ҳолати зарурӣ кӯмаки башардӯстона расонад," -омадааст дар хабарнома.

Ин кумакҳо дар ҳоле ба Тоҷикистон дода мешаванд, ки нигаронии паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз хатари ихроҷ аз Тоҷикистон зиёд шудааст.

Ба гуфтаи манобеи огоҳ, давоми ду ҳафтаи охир беш аз 10 муҳоҷири афғонистонӣ ба ватанашон баргардонда шуданд. Ин кор нигаронии Комиссариати олии СММ дар умури гурезагонро ба миён овард, аммо мақомот то ҳол ягон шарҳе надодаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG