Нурулло Муродов, варзишгари тоҷик, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба таеквондо WT миёни ҷавонон, ки рӯзҳои 23-27-уми август дар шаҳри Ҳошимини Ветнам баргузор шуд, медали биринҷӣ ба даст овард.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба таеквондо WT миёни наврасон, ҷавонон ва варзишгарони имконияташон маҳдуд, ду варзишгари тоҷик – Муҳаммадризо Шукуров (-51 кг) ва Нурулло Муродов (-59 кг) - бо роҳбарии мураббӣ Фарҳод Неъматов дар рақобатҳо миёни ҷавонон ширкат карданд.
Нурулло Муродов дар даври аввал бар варзишгари Муғулистон Билгудей Енхбаатар бо ҳисоби 2:0, дар чорякфинал бар намояндаи Қазоқистон Алибек Шайкенов бо ҳисоби 2:1 ғалаба кард, вале дар нимфинал бо панҷ огоҳӣ аз намояндаи Тайпейи Чин Гуан Чен мағлуб гардида, ҷойи сеюмро гирифт.
Муҳаммадризо Шукуров бошад, дар аввалин муҳорибааш аз варзишгари Ҷопон Рйусей Оҳара шикаст хӯрд.
Зимнан, ин дувумин медали таеквондочиёни тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё миёни ҷавонон аст. Соли 2019 Муҳаммадҳасан Шомаҳмадов дар Урдун дар вазни то 73 кило медали биринҷӣ гирифта буд.