Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Медведев аз тарҳи нави вобаста ба муҳоҷирон хабар дод


Дмитрий Медведев
Дмитрий Медведев

Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои аманияти Русия, гуфтааст, тарҳи нави қонунро дар бораи сафари хориҷиён ва будубоши онҳо дар ин кишвар омода карданд.

Ба навиштаи расонаҳои Русия, Медведев будубош ва рафтуомади хориҷиёнро ба Русия «масъалаи муҳими амниятӣ» номидааст.

Ӯ гуфтааст, шеваи тафтиши вуруд ва хуруҷи муҳоҷирон ба Русия бояд ҷиддитар ва таҷҳизот барои назорат низ нав шавад.

Ба гуфтаи Медведев, дар баъзе аз минтақаҳо компютерҳои хадамоти муҳоҷират тақрибан 20 сол боз нав карда нашудаанд ва баъзе аз биноҳои ин ниҳодҳо ба таъмир ниёз доранд.

Ин лоиҳаи қонун дар сурати қабул, ба Хадамоти муҳоҷирати Русия шароит фароҳам меорад, ки аз лаҳзаи вуруд то макони будубош муҳоҷиронро сахттар назорат кунад.

Созмонҳои ҳомии муҳоҷирон Русияро барои нақзи ҳуқуқ тақнид мекунанд ва бархӯрди мақомоти ин кишварро ноодилона медонанд. Дар Русия наздик ба як миллион муҳоҷири тоҷик кору зиндагӣ мекунанд ва солона ҳазорон нафар барои нақзи қоидаҳои будубош аз ин кишвар ронда мешаванд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG