Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин барои донишҷӯёни қирғиз "долони сабз" мекушояд


Донишҷӯёни қирғиз дар Чин. Акс аз бойгонӣ.
Донишҷӯёни қирғиз дар Чин. Акс аз бойгонӣ.

Пекин барои донишҷӯёни Қирғизистон, ки дар донишгоҳҳои Чин таҳсил мекунанд, аз 25-уми август то 30-юми сентябри имсол "долони сабз"-и дарёфти раводид (виза) ташкил мекунад.

Дар ин бора дар ҷараёни мулоқоти муовини раиси Девони вазирони Қирғизистон Эдил Байсалов бо сафири Чин дар Бишкек Ду Дэвэн хабар дода шудааст.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии Девони вазирони Қирғизистон, Байсалов таъкид карда, ки ҳамкорӣ бо Чин барои кишвараш авлавият дорад. Зеро ба гуфтаи ӯ, "мардуми ду кишварро таърихи чандинасра ба ҳам мепайвандад ва онҳо ҳамсояҳои наздик, шарикони боэътимод ва дӯстони ҳақиқӣ мебошанд".

Шаҳрвандони Қирғизистон ҳам тавассути барномаҳои давлатӣ ва ҳам мустақилона метавонанд ба донишгоҳҳои Чин дохил шаванд. Солҳои ахир бисёре аз донишҷӯёни қирғиз, ки дар Чин таҳсил мекунанд, ба далели маҳдудиятҳои коронавирус ҳангоми сафар ба ин кишвар бо мушкил рӯбарӯ шудаанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG