Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Домоди раиси собиқи порлумонро барканор карданд


Озод Бектуров
Озод Бектуров

Озод Бектуров аз мудирии ширкати "Казаэронавигатсия" барканор шуд. Расонаҳо аз вай домоди Нурлан Нигматулин, раиси пешини порлумони Қазоқистон ном мебаранд.

Бектуров соли 2014 мудири ширкати мазкур таъйин шуда буд. Пештар ширкати "Казаэронавигатсия"-ро дар ғасби рейдерӣ ва талафи 14 миллиард танга айбдор карда буданд.

Баъди ҳаводиси хунуни моҳи январи Қазоқистон чандин мақомдор, ки одамони наздики президенти пешини он кишвар Нурсултон Назарбоев унвон мешуданд, аз мақомҳои худ барканор гардиданд.

Нурлан Нигматулин 1-уми феврали имсол аз мансаби раиси порлумони Қазоқистон барканор шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG