Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зеленский: "Ба ҳар қимате Қримро бармегардонем”


Владимир Зеленский, президенти Украина, дар суханронӣ дар нишасти дувуми "Платформаи Қрим" дар шаҳри Киев гуфт, Қрими ишғолшуда аз тарафи Русия "ба ҳар қимате" зери назорати Украина баргардонида мешавад.

Вай афзуд, дар ин амр бо ҳеч кишваре машварат намекунанд. Зеленский ҳамчунин гуфт, бо Русия гуфтугӯ нахоҳанд кард, зеро, ба бовари вай, дар Кремл "ҳеч гоҳ дар бораи гуфтугӯ фикр накардаанд ва танҳо омодаи ҷанг буданд".

"Соли 2014 онҳо тасмим гирифтанд, ки кишвари моро ғасб кунанд ва аз он ҷо ки дунё ба рӯи онҳо шаппотӣ назад, давом доданд. Аммо мо ба рӯи онҳо мезанем", - гуфт президенти Украина.

Зеленский илова кард, баъди бозгардонӣ Қрим ҳамроҳ бо Украина ҷузъи Иттиҳоди Аврупо хоҳад шуд ва барои сокинони Қрим "имконияти васеъ" фароҳам хоҳад омад.

"Роҳҳои Қрим роҳи тамоми қитъаи Аврупо, бандарҳои Қрим бандари Аврупо хоҳанд шуд, танҳо Украина метавонад, ки Симферополро бо Берлин, Ялтаро бо Неапол пайванд диҳад", - гуфт президенти Украина.

Саммити "Платформаи Қрим" дар шакли онлайн баргузор мешавад. Дар он президентҳо, сарвазирон ва намояндагони сиёсату созмонҳо аз 60 кишвари дунё ширкат мекунанд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG